Вусъати сохтмони нақби «Чормағзак»

Июнь 10, 2013 11:25

Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Сохтмони нақби «Чормағзак», ки бояд моҳи сентябри соли ҷорӣ, дар арафаи 22 – умин солгарди Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирад, анҷом меёбад. Ҳоло дар ин ҷо таҷҳизоти зарурӣ насб карда мешавад. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Қобили зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи нақби «Чормағзак», ки арзиши умумии он 68 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад, 15 марти соли 2010 оғоз ёфта буд. Мувофиқи лоиҳа, тӯли нақби мазкур 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи сохтмони нақб дар ҳошияи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Данғара дар амал татбиқ гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он масофаи роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат — Кӯлоб нисбат ба масофаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб баробари 100 километр кӯтоҳ мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби қарзҳои Ҳукумати Чин дар амал татбиқ мешавад.

Июнь 10, 2013 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш