Зоиров дар ҳавои мусиқии Кабирӣ мерақсад?

Июнь 17, 2013 15:56

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»). — Давоми 21 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таърих моро аллакай чандин маротиба аз имтиҳони сангин гузаронд. Шояд ҳамин пастию баландиҳо ва хорию сахтиҳо буданд, ки чашми мардуми шарифи Тоҷикистон кушода шуд ва акнун гумон аст, маротибаи дигар қисмати худро дар тарозуи кашмакашиҳои бемаънию бемантиқ чен кунанд. Таърих исбот намудааст, ки ислом хеҷ гоҳ бо демократия созиш накардааст ва нахоҳад дошт. Ҳамчун мисол инқилоби баъзе кишварҳои исломиро ба хотир овардан кофист. Чи буду чи шуд, тақдири он ҳама ҳизбиёну демократҳо, равшанфикрону ғарбпарастҳо? Ҳамагӣ якчанд рўз кифоя буд, ки аз ин тоифа асаре намонад. Тули қариб 35 соли баъди инқилоб бошад, чунин сенария борҳо дар нуқоти мухталифи дунё мавриди амал қарор гирифт ва ҳоло ҳам давом дорад. Пас ҳаводиси Тоҷикистон низ дар охири асри гузашта ҳаргиз тасодуфӣ набуд. Таърих гувоҳ аст. Нахустин гурўҳи ҷавонони ноогоҳ солҳои 90-уми қарни гузашта тўъмаи шикори мансабталошон гардида, бо даъвату шиорҳои фармоишии онҳо ба майдонҳо кашида шуданд. Ҳама, новобаста аз синну сол, афту андом, сирату сифат, кору пайкор аз озодию демократия ҷор мезаданду дод мегуфтанд. Вале дар асл бошад, касе намефаҳмид, ки чаро демократия талаб доранд ва аз кӣ онҳо озодӣ мехоҳанд? Он вақт барои халқи фиребхўрда «демократия» маънои дар тазоҳурот ширкат варзиданро дошту мафҳуми «озодӣ» кандани хайкали Ленин ва ё худ, даъвати ба синаи аъзои ҳизби коммунист тир кушоданро. Он давра ба касе пўшида набуд, ки растохезчиёну демократҳо вуҷуд доштанд, аммо танҳо ба ном. Фармонфармои асосӣ ва идоракунандаи пасипардагӣ мулло Абдуғаффору қорӣ Муҳамадҷону дигарон буданд. Пайравони «Растохез», ҲДТ, «Лаъли Бадахшон» ва ғайраю ҳоказо зери нағораи наҳзатиён «мерақсиданд».Аз ҳама риққатовару нангинаш дар ин митингҳо аз он иборат буд, ки воизону ҳофизону нотиқону шиорпартоёну балегуёну ҳовагуён, яъне ҳамаю ҳама, аз ришдорону саладороне иборат буданд, ки беибо усули такияро истифода менамуданд. Барои эшон аслан фарқе надошт, ки такия хоси шиамазҳабон аст. Зарур бошад, раво бошад гуфтагӣ барин, онҳо такияро ба муқобили такия истифода карданд ва дар баъзе мавридҳо ба ҳадаф низ расиданд. Дар натиҷа мулло бологузару муаллим поёншин, ришдор ҳукмфармою зиёӣ фармонбардор, эшон уламою олим чаласавод эълон шуданд. Ана ҳамин буд ҳақиқати воқеии Тоҷикистони навин, давлате, ки гомҳои нахустинашро барои таҳкими соҳибистиқлолӣ мегузошт. Инак, солҳо сипарӣ шуданд. Дарду захмҳои фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ ба оҳистагӣ даво ёфтанд, дар кишвар фазои сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ пойдор гардиданд. Лаҳзае фаро расид, ки ҳамагон бояд даъват ба амал орем: «Биёед, аз як гиребон сар бароварда барои ободии Ватан кўшиш бар харҷ диҳем, то гузаштагон аз мо розӣ бошанду ояндагон моро аҳсан хонанд». Вале ҳаводиси вактҳои охир дар кишвари мо нишон медиҳанд, ки ба ашхосею гурўҳе тинҷию оромии сарзамин, рушду нумуъи он ва ободию озодии шаҳрвандон намефорад. Агар на, пас чи гуна метавон, ҳаракату кўшишҳои иғвогаронаи Р. Зоиров ва компанияашро аз Эътилоф барои ҳимоят аз демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шарҳ дод? Мавсуф ба кӣ ва ба чӣ умед мебаста бошад? Шояд ба М. Кабирӣ ва наҳзатиён? Шояд ҳам ба ин, ҳам ба он ва ҳам ба хоҷагони беруна? Посухи ин суолҳоро албатта вақт нишон медиҳад. Вале барои Р. Зоиров барин сиёсатмадори ба қавли худаш «дунёдидаю кордон», воқеаҳои фоҷиабори солҳои 90-ум магар дарси ибрат нашудаанд? Меҳриддин Авазов

Июнь 17, 2013 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!