«ZONERGY» дар Тоҷикистон барқро бо офтобу шамол тавлид мекунад

Июнь 19, 2013 15:25

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»). — 18-уми июни соли ҷорӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо муовини аввали директори Корпоратсияи «ZONERGY» Го Ҷинг мулоқот намуд.Д. Саидов аз имкониятҳои фаррохи сармоягузорӣ дар кишвар ибрози ақида намуда, оид ба қонунҳо ва барномаҳои муҳими ин самт ёдовар шуд. Вай афзуд, ки ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон ҳар чи тезтар ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ аст ва дар ин самт аз ҳама имкониятҳо самаранок истифода хоҳем бурд.Го Ҷин гуфт, ки дар Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд ва мо мехоҳем дар ин кишвар имкониятҳои нави истифодаи тавлиди нерўи барқро бо воситаи офтоб, шамол, об ва ғайра ба роҳ монем. Дар ин самт мо таҷрибаи бойи корӣ, технологияи замонавӣ ва потенсиали бузурги кадрӣ дорем.

Июнь 19, 2013 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш