Ҳимоятгари собиқи «Помир» — сармураббии «Истиқлол»

Июль 2, 2013 16:18

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар»).-Ҳимоятгари собиқи дастаи овозадори «Помир» Олег Ширинбеков сармураббии «Истиқлол»-и Душанбе таъин шуд. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» иттилоъ дода, навиштааст, ки имрӯз ҳимоятгари собиқи «Помир» ва мунтахаби ИҶШС Олег Ширинбекови 49-сола бо раҳбарияти даста мулоқот кардааст. Гуфта мешавад, Олег Ширинбеков фаъолияти худро ба ҳайси сармураббии «Истиқлол» аз 17-уми июл оғоз намуда, дастаро ба даври дуввуми сабқати қаҳрамонии Тоҷикистон омода мекунад.

Июль 2, 2013 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш