368 шаҳрванди хориҷӣ дар ДМТ таҳсил доранд

Июль 10, 2013 17:06

Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Муовини Ректор оид ба корҳои таълими ДМТ Абдусалом Миралиев зимни як нишасти хабарӣ иброз дошт, ки «Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои илмӣ — таҳқиқотӣ , омӯзишӣ ва фарҳангиро бо давлатҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ мешуморад». Таъкид гардид, ки айни ҳол донишгоҳ бо 93 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ- тадқиқотии 17 кишвари хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва аз ин шумора 8 қарордоди ҳамкорӣ дар нимсолаи аввали соли 2013 баста шудааст. Муовини Ректори ДМТ ҳамчунин илова намуд, ки дар нимсолаи дуюми соли хониши 2012 – 2013 дар донишгоҳ 368 шаҳрванди хориҷӣ дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд.

Июль 10, 2013 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш