Баргузории Конфронси байналмилалии «Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳамкориҳои молиявии Тоҷикистону Чин»
Душанбе, 3 июл.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Бо ташаббуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва иштироки меҳмонон аз Бонки Рушди Чин, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, вазорату кумитаҳо, ҳамчунин соҳибкорони ватанӣ дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳамкориҳои молиявии Чин ва Тоҷикистон» баргузор гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар», аз «Амонатбонк» хабар доданд 29-уми июни соли ҷорӣ ҳайати корӣ иборат аз 11 нафар бо роҳбарии мушовири калони Бонки Рушди Чин хонум Ван Юан ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки мақсад аз ташрифи эшон ин ширкат дар Конфронси байналмилалии «Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳамкориҳои молиявии Чин ва Тоҷикистон» буд. Дар ин ҳайати корӣ ҳамчунин Президенти ҷамъияти саҳҳомии Тсизиншен аз минтақаи Тсизянсу ҷаноби Чжан Юепин, аъзои Шӯрои директорони Бонки Рушди Чин, Хван Кэтсиян- сардори департаменти Маркази тадқиқотии рушд дар Шӯрои Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ли Шантун — муовини сардори департаменти омодасозии кадрҳои Бонки рушди Чин шомил буданд.Рӯзи якшанбе ҳайати корӣ аз корхонаи пахтатозакунии Хима-текстил, сохтмони корхонаи Сементбарорӣ ва корхонаи хурди коркарди пахтаи ширкати «Истиқлол-2010» дидан карданд. Мақсад аз ташрифи меҳмонон ба Хима-текстил ин шиносоӣ бо технология ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхона, ҳамчунин самтҳои фаъолият ва имкониятҳои дурусти коркарди пахтаву шароити корӣ, ҳамкориҳои бурунмарзии ин корхона бо ширкатҳои хориҷӣ ва содироти маҳсулот аз ҷониби ин корхона буд. Меҳмонон бештар дар масъалаи ҳамкорӣ барои ворид сохтани технологияи муосири истеҳсоли Чин ба ин корхона бо истифода аз маблағҳои Бонки Рушди Чин ва таъмини бештар бо таҷҳизоти муосири замонавӣ бо намояндагони ин коргоҳ суҳбат намуданд. Онҳо ин корхонаи саноатиро, ки коркарди маҳсулоти пахтагиро дар ноҳияи Ёвон хело хуб ба роҳ мондааст, олӣ арзёбӣ намуда, ба сифати кору маҳсулот баҳои баланд доданд. Пас аз ин ҳайати меҳмонон аз сохтмони корхонаи сементбарории ноҳия Ёвон дидан карда бевосита бо сохтмончиён ҳамсуҳбат шуданд ва аз рафти корҳои сохтмонӣ маълумот пайдо намудандДар идомаи ин сафар ҳайати меҳмонон аз корхонаи хурди пахтатозакунии ширкати «Истиқлол-2010», ки дар ҳамин ноҳия фаъолият мекунад дидан намуданд. Таваҷҷуҳ ва изҳори қаноатмандии намояндагони чиноӣ дар он буд, ки ин корхона бевосита бо маблағҳои инвеститсияи Бонки Рушди Хитой сохта шуда, бо технологияи муосири истеҳсоли Чин таҷҳизонидааст ва дар як мавсими корӣ беш аз 15 ҳазор тонна пахтаро коркард менамояд. Онҳо бевосита бо роҳбари ин корхона Умед Афзалов атрофи фаъолияти корхона ва кафолати техникии таҷҳизоти коргоҳ аз тарафи шаркатҳои чиноӣ пурсон шуда, дар мавриди бартарф намудани камбудиҳо ва вусъат додани ҳамкориҳо дар самти рушди саноати коркарди пахта дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон суҳбат намуданд. Меҳмонон аз сафар ба ноҳияи Ёвон ва хеле хуб ба роҳ мондани кор дар самти рушди саноати коркарди пахта дар ин ноҳия изҳори хушнудӣ намуданд. Пас аз ин, субҳи рӯзи 1-уми июл Конфронси «Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳамкориҳои молиявии Чин ва Тоҷикистон», дар бинои Китобхонаи миллӣ кори худро оғоз намуд. Дар ин конфронс дар баробари иштироки меҳмонон ҳамчунин Одил Сангов- намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Саидраҳмон Назриев муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Шуҳратҷон Раҳматбоев муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Теслякова Лариса Павловна муовини Раиси палатаи саноат ва савдои ҶТ ва соҳибкорони ватанӣ ширкат доштанд. Нахуст, конфронсро сардори Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбок» Гулнора Ҳасанова оғоз намуда, ҳамаи меҳмононро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Дар ин конфронс перомуни ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин, таваҷҷуҳи бештар барои сармоягузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва афзоиш додани ҳамкориҳо дар самти рушди саноати коркарди пахта аз тарафи намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чину Тоҷикистон маърӯзаҳо карда шуданд, ки барои дар оянда вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Дар фароварди конфронс бо иштироки соҳибкорони ватанӣ ва меҳмонон мизи мудаввар баргузор гардид, ки барои такмили ихтисоси мутахассисон, тариқи гирифтани сармоя аз Бонки Рушди Чин ва дастрас намудани маблағҳо барои рушди соҳоти гуногуни иқтисодиёти кишвар муҳим ва саривақтӣ буд. Субҳи рӯзи 2-юми июл мушовири калони Бонки Рушди Чин хонум Ван Юан бо Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов вохӯрӣ анҷом дод, ки дар он самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Бонки Рушди Хитой ва Ҷумҳурии мардумии Чин бо Тоҷикистон мавриди муҳокиима қарор гирифт. Пас аз ин, хонум Ван Юан ва ҳайати меҳмонон ба корхонаи истеҳсолии «Ёқут-2000» ташриф оварда, бевосита аз шароити кору истеҳсоли маҳсулоти босифати ин корхона шинос шуданд. Дар рафти боздид аз корхонаи «Ёқут-2000» меҳмонон бори дигар аз истифодаи дурусти маблағҳои сармоягузории Бонки Рушди Чин, ки тариқи БДА ҶТ «Амонатбонк» ба соҳибкорон пешниҳод мешавад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






