Барномаи фарҳангии ҷашни Истиқлолро кӣ таҳия менамояд?
Душанбе, 3 июл.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе бобати дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани ҷашни соҳибистиқлолии кишвар омодагӣ мегирад. Дар робита, барномаи театрикунонидашудаи ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвармон, ки 9 сентябр дар Душанбе таҷлил карда мешавад, аз ҷониби коргардон, хунарпешаи шинохтаи ҷумҳурӣ Убайдулло Раҷабов таҳия мегардад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи кории шаҳрдории Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин росто муқаррар гардид, ки дар радифи фаъолияти барномавии шаҳрдорӣ таваҷҷуҳи масъулин ба таҷлили бошукуҳи Рӯзи истиқлолият ва 90-солагии шаҳри Душанбе, ки соли 2014 ҷашн гирифта мешавад, равона гардад. Таъкид шуд, ки зимни омодагиҳо ҷиҳати пурмуҳтавою хушранг тарҳрезӣ намудани барномҳои фарҳангию театрикунонидашудаи ҷашнвораҳо таклифу пешниҳои аҳли ҷамоатчигии пойтахт ба инобат гирифта шаванд. 9.49.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






