Баррасии муносиботи иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ

Июль 16, 2013 11:57

Душанбе, 16 июл (АМИТ «Ховар», Фотима Қувватова). – Дируз дар Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ба номи Фридрих Эберт дар мавзӯи “Муносибатҳои иқтисодии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” мизи мудаввар доир гардид. Дар ин мизи мудаввар академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Раҳимов дар мавзӯи “Шароити савдо чун омили фаъолияти фоидаовари иқтисоди хориҷӣ”, академики АИ Н. Қаюмов дар мавзӯи “Фаъолияти иқтисоди хориҷии Тоҷикистон дар шароити воридшавӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо”, профессор З. Султонов дар мавзӯи “Бозори миллии молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ”, муовини вазири рушти иқтисод ва савдои ҶТ Н. Абдулоева дар мавзӯи “Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии савдо” ва доктори илмҳои иқтисодӣ М. Кошонова дар мавзӯи “Муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” маърӯза карданд. Ҳамчунин дар нишаст миёни таҳлилгарони дохилию хориҷӣ табодули афкор сурат гирифт.

Июль 16, 2013 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш