Баррасии рақобатнокии бахши хусусӣ дар Саридораи геология
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар, Фарзонаи Давлат).- Имрӯз, 31-уми июл сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ масоили «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ»-ро баррасӣ намуд.Тавре ки дар ин бора аз Саридораи геология хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо «Лоиҳа оид ба тадбиқи пешниҳодҳои тарафҳо дар доираи мазкур»-ро низ муҳокима намуданд.Гуфта мешавад, ки Бонки мазкур барои пешрафти иқтисодиёт, ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон маблағҳои грантӣ ҷудо карданист, ки Саридораи геология ҳамчун ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур дар самти саноати куҳӣ ва соҳаи геология интихоб гаштааст. Ҳамчунин ин кӯмак ба омода намудани лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи қаъри замин ва кадастри куҳӣ» равона мегардад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






