«Биржаи меҳнатии ҷавонон» 404 ҷавонро ба муҳоҷирати корӣ фиристодааст

Июль 8, 2013 11:06

Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- «Дар давоми соли ҷорӣ КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» дар якҷоягӣ бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 9 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир намуд»- иброз дошт муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯраев зимни нишасти матбуотӣ.Ба иловаи номбурда дар ин ярмаркаҳо зиёда аз 3270 нафар корҷӯй иштирок намудаву ба онҳо 2840 ҷойи кори холӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст. Инчунин, ба 317 нафар барои кор ба корхонаву муассисаҳои дохили ҷумҳурӣ роҳхат пешниҳод гардидааст.«Бояд қайд намуд, ки дар назди КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» Маркази иттилоотии доимамалкунандаи ҷойҳои кори холӣ фаъолият мекунад, ки давоми соли ҷорӣ ба ин марказ зиёда аз 715 нафар ҷавони бешуғл барои кор кардан дар хориҷи кишвар муроҷиат намудаанд ва то имрӯз 404 нафари онҳо барои кор дар хориҷи кишвар ба Федератсияи Русия сафарбар гардидаанд»- изҳор дошт К. Ҷураев.

Июль 8, 2013 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш