Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Таркиш дар Чин Душанбе, 15 июл (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар яке аз корхонаҳои биокимиёвии шаҳри Сучжоуи музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин таркиш ба амал омада, сӯхторро барангехт. Дар натиҷаи ҳодиса 2 корманди корхона ва як тан аз ходимони полис ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Мувофиқи маълумоти расида таркиши мазкур ба чанд коргоҳи дигар ҳам зарар расонидааст. Тамоми кормандони мақомоти қудратӣ дар ҷои ҳодиса иштирок намуда, ҳолати ҳодисаро муайян менамоянд. Почтаи давлатии Британияи Кабир хусусӣ гардонида мешавадТавре ки расонаҳои хабарии Аврупо мегуянд рӯзҳои наздик почтаи давлатии Британияи Кабир хусусӣ гардонида мешавад. Ҳукуматдорони Британияи Кабир татбиқи ин иқдомро ба нақша гирифтаанд. Бо вуҷуди хусусӣ гардидани «Роял майл» Хадамоти дастраскунандаи «Пост Оффис» дар ихтиёри давлат боқӣ мемонад. То охири соли равон ва аввали моҳи марти соли 2014-ум ширкати мазкур коғазҳои қимматноки худро дар биржаи молу ашё ба фурӯш мебарорад. Аз ҳисоби муомилоти мазкур Лондон то 3 миллиард фунт-стерлинг даромад ба даст оварданист. Баъди хусусӣ намудани Хадамоти почтаи миллии мамлакат «Роял-Майл» 10 дарсади саҳмияҳои он дар ихтиёри кормандонаш боқӣ хоҳад монд. Айни ҳол дар коргоҳи мазкур 150 ҳазор нафар фаъолият мекунанд. Хадамоти почтаи миллии Британияи Кабир яке аз куҳантарин муассисаҳо дар Аврупо ба шумор меравад.Онро шоҳ Генрихи 8 ҳанӯз дар соли 1516 таъсис дода буд. Барои хусусӣ гардонидани он беш аз ду сол омадагии ҳамаҷониба дидаанд. 10 ҳазор кормандони бонки «Ю-Би-Эс» ихтисор мешавадБонки «Ю-Би-Эс»-и Швейтсария мақоми калонтарин бонки хусусии ҷаҳонро аз ҳамтои амрикоии худ «Бэнк оф Америка» ситонд. Гуруҳи консалтингии Лондон — «Скорпио Партнёршип» дар гузориши солонаи худ нуфузи дороиҳои «Ю-БИ-ЭС»-ро дар сатҳи 1,325 триллион евро арзёбӣ кард. Бино ба маълумоти созмон даромади муассисаи молиявии мазкур то 9,7 дарсад афзоиш ёфтааст. Мусбат манзур намудани фаъолияти «Ю-Би-Эс» ба суди роҳбарияти он мебошад. Зеро чанде қабл бонки мазкур вобаста ба қазияи трейдерҳои лондонӣ сахт зарар дида, нуфузаш коҳиш ёфта буд. Дар баробари ин бонк миллиардҳо евроро аз даст дод. Дар натиҷаи ин қазия бонки «Ю-Би-Эс» қарор кард, ки фаъолияти сармоягузориро истисно кунад. Ба ақидаи роҳбарияти бонк мумкин аст бонк то 10 ҳазор кормандони худро ихтисор намояд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






