Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Тӯфони шадид дар ҷазираҳои Саламон Душанбе, 16 июл (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар торномаи шабакаи интернетии Би-Би-Си навишта шудааст, ҳафтаи равон дар ҷазираҳои Саламон воқеъ дар Уқёнуси Ором тўфон ба вуқўъ пайваст. Гуфта мешавад, ки заминларза низ ба қайд гирифта шудааст. Қувваи заминларза аз рўи ҷадвали Рихтер ба 6 — 8 бал мерасид. Бояд гуфт, ки чунин офати табиӣ дар ин ҷазираҳо бори аввал набуда, қариб ҳар шаш моҳ ба қайд гирифта мешавад. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва харобаҳои офати табиӣ маълумоти мушаххас то ҳол дастрас нашудааст. Амали терористӣ дар Булғористон Душанбе, 16 июл (АМИТ «Ховар»).-Дар Ҷумҳурии Булғористон то ҳол се нафар шахсе, ки дар амали террористӣ даст доштанд, дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд. Ба гуфти расонаҳои хабарии дохилии ин кишвар 18 июни соли гузашта 3 нафар аъзои гурўҳи «Ҳизбуллоҳ» дар яке аз фурудгоҳҳои байналмилалии ин кишвар амали терорристӣ анҷом дода буданд, ки бар асари ин ҳодиса нафарони зиёде ҳалоку захмӣ гардиданд. Баъди тафтиш маълум гардид, ки ин нафарони ҷиноятпеша дорои шиносномаҳои Австралия ва Канада буда, озодона дар Булғористн рафтуо мекарданд. Дастгир намудани Анна Мария Кокова Душанбе, 16 июл (АМИТ «Ховар»).-Мақомоти махсуси Италия дар шаҳри Милан роҳбари ширкати сохтмонӣ Анна Мария Коковаро ба ҳабси хонагӣ гирифт. Номбурда дар сўиистифода аз мансаб ва аз худ намудани маблағҳои давлатӣ гумонбар дониста мешавад. Мувофиқи иттилои расида, Анна Мария Кокова дар шаҳри таърихии Помпея ҳангоми бунёд кардани бинои амфитеатр ва аз навсозии биною муҷасамаҳои таърихӣ маблағи зиёдро азхуд намудааст.Ҳамчунин роҳбари ширкати сохтмонӣ дар содир намудани дигар амалҳои корурпсионӣ айбдор дониста мешавад. Худдорӣ намудани Ҳукумати Олмон аз Штутгард Душанбе, 16 июл (АМИТ «Ховар»).-Ҳукумати Олмон барои бунёди роҳи оҳани шаҳри Штутгард аз пардохт намудани як миллиард евро худдорӣ намуд. Ҳол он, ки ҳукумати мамлакат барои бунёд кардани ин шохаи роҳи оҳан ва бо дигар шаҳрҳои бузуг пайвастани он ду миллион евро ҷудо карда буд. Мувофиқи маълумоти сардори шӯъбаи ба нақшагирии Вазорати нақлёти кишвар сохтмони роҳи оҳан бояд соли 2020-ум ба анҷом расад.Вале ба ақидаи мутахасисони соҳа дар сурати қатъ гардидани маблағгузорӣ сохтмони роҳ боз 4 соли дигар тўл мекашад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






