Дар ноҳияи Румӣ нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ ба кор даромад
Душанбе, 7 июл (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дарҳои худро ба рӯйи ниёзмандон боз намуд.Зимни шиносоӣ бо шароити ин муассисаи тиббӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дармонгоҳи он дар як басти корӣ метавонад ба 150 нафар ниёзмандон хизмат расонад.Шифохона бошад, дорои 110 кати хоб буда, дар ҳарду ҷузъи ин муассиса беш аз 120 нафар кормандони соҳаи тиб бо кори доимӣ таъмин мешаванд.Ин муассисаи тиббӣ бо техникаю таҷҳизоти муосири муоина, ташхис ва табобат муҷаҳҳаз буда, ба он мутахассисони баландпоя ба кор даъват шудаанд. Аз ҷумла шуъбаи ҷарроҳии он дорои дастгоҳе аст, ки бо он амалиёти ҷарроҳӣ бе буридани бадан танҳо бо сӯрох кардан анҷом дода мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






