Фавти 38 нафар зан дар муҳоҷирати меҳнатӣ

Июль 26, 2013 14:46

Душанбе, 26 июл.(АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷират дар нимсолаи соли ҷорӣ фавти занони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда ба 38 нафар расидааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Инчунин зикр гардид, ки сабаби асосии фавти занон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бештар ин беморӣ ва надоштани шароити хуби зиндагонӣ мебошад. Бояд гуфт, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2013 аз 551 ҳазору 209 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ 81 ҳазору 737 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2012 теъдоди муҳоҷирон 72 ҳазору 102 нафар афзудааст, ки аз он 30 ҳазору 539 нафарашон занон мебошанд.

Июль 26, 2013 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш