Гуфтугӯи телефонии Э. Раҳмон бо Н.Назарбоев

Июль 3, 2013 14:40

Душанбе, 3 июл (АМИТ «Ховар»).- Нимаи аввали имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар фазои созанда ва дӯстона сарони ду кишвар оид ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои мушаххас бо таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Қазоқистон дар суҳбати телефонии худ ба масоили байналмилаливу минтақавӣ ва мавзуоти мариди таваҷҷуҳи ҷонибҳо дахл намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 3, 2013 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш