Ифтитоҳи корти теннис дар маркази шаҳри Қурғонтеппа
Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).-Иншооти сеюме, ки дар шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, майдони калон ва тенниси рӯйи миз буд. Чунонки аён гардид, майдони тенниси калон, ҳамчунин дорои 200 ҷойи нишаст буда, бо харҷи беш аз 150 ҳазор онҳо сомонӣ омода гардидааст.Дар ин майдон, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нусратулло Файзуллоев бунёд ёфтааст, 6 нафар бо кор таъмин мегарданд. Нусратулло Файзуллоев бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони боз корти дигари теннисро ба уҳда гирифта, изҳор дошт, ки то охири соли равонро онҳоро ба дӯстдорони ин навъи варзиш пешниҳод хоҳад кард.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони теннис бо варзишгарони теннисбози шаҳри Қурғонтеппа чанд лаҳза бозӣ карда, дар тарғиби амалии варзиш ва тарзи ҳаёти солим саҳми бевосита гузошт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






