Ифтитоҳи нахустин корхонаи муосири коркарди нафт дар ноҳияи Шаҳринав
Душанбе, 20 июл (АМИТ «Ховар).- Дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави Капитал ба кор дароварда шуд, ки бо коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз он машғул хоҳад буд.Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона бо дастрас намудани навтарин намунаҳои технологияи классикии коркарди нафт аз Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони хусусии ин кишвар аз шаҳри Томск бо харҷи беш аз 70 миллион сомонӣ дар 10 га замини санглохи бекорхобида бунёд ёфтааст.Бо иқтидори кунунияш корхона имкон дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна нафти хомро коркард намуда, аз он ду намуд сӯзишвории дизелӣ (тобистона ва зимистона), бензини навъи АИ 80 ва мазути аълосифат истеҳсол кунад.Чунонки иттилоъ доданд, ояндаи наздик иқтидори корхона ба 300 ҳазор тонна дар як сол ва шумораи коргарон ба 300 нафар расонда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ин кор то охири соли 2014 анҷом дода шавад.Масоҳати замини барои ин корхона ҷудогардида ва лоиҳаи сохтмону таҷҳизи он имкон медиҳад, ки оянда иқтидори ин корхона ба коркарди то 500 ҳазор тонна нафт ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни тайёр зиёд карда шавад. Номгӯйи маҳсулоти тайёри нафтӣ низ ояндаи наздик афзун гардида, аз ҷумла истеҳсоли навъҳои беҳтарини бензин ба роҳ монда мешавад.Ҳоло дар ин ҷо 111 нафар мутахассисону коргарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд, ки аксари куллашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва асосан аз аҳолии маҳаллӣ мебошанд. Тавре зикр гардид, барои омодасозии мутахассисони маҳаллӣ аз ҷониби роҳбарияти корхона омӯзгорони баландпояи касбӣ ба ин ҷо аз хориҷи кишвар даъват карда шуда будааст. Имрӯз, аксари ин мутахассисон пас аз хатми курси семоҳаи таълимӣ барои кор дар чунин корхона, ки дар Тоҷикистон нахустин аст, аллакай варзидаю корозмуда шудаанд.Чунонки аён гардид, идораи кори корхона бо дастгоҳҳои муосири компютерӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.Дар саҳни ҳавлии ҳамин корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту коргарони корхона ва ҳам фаъолони ноҳияи Шаҳринав мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масоили истеҳсолию иқтисодӣ, ҳамчунин ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла доир ба оини рӯзадорӣ, ифторороӣ ва пешвози иди шарифи рамазон изҳори андеша кард. Зимни баррасии ин масоил аз исрофкориҳои аз ҳад зиёди мардум, ки барои ифторҳо ва рӯзи иди фитр, бесарусомониҳое, ки дар арафаи ид дар бозорҳо ба назар мерасад ва ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи ҳаррӯза аз ҷониби савдогарон шадидан изҳори нигаронӣ карда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






