Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Бохтар
Душанбе, 6 июл (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Бохтару Вахши вилояти Хатлон идома ёфт.Нахуст бо иштироки Сарвари давлат дар маркази ноҳияи Бохтар як толори бузурги варзишӣ бо майдони васеи бозиҳои гуногун дар саҳнаш ифтитоҳ ёфт.Чунонки иттилоъ доданд, ин иншооти варзишӣ дар муҳлати кӯтоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҷабалӣ Давлатов бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.Майдони назди толори варзишӣ дорои шароити зарурӣ барои волейбол, баскетбол, тенниси болои миз ва дигар бозиҳо мебошад.Худи толор бошад, дорои 250 ҷойи нишатс барои тамошобинон буда, барои намудҳои гуногуни гӯштин, варзиши сабук, аз қабили гимнастика ва фитнес пешбинӣ шудааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони сершумори ноҳияи Бохтар, ки дар миёнашон ғолибону ҷоизадорони зиёди мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳам ҳастанд, суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои баланди варзиш ҳидоят намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






