Корхонаи нави пахтатозакунии Бохтар Инвесткоттон ба кор даромад
Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар, ҳамчунин як корхонаи нави пахтатозакунӣ, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат ба кор омода шудааст, ифтитоҳ ёфт.Тавре иттилоъ доданд, ин корхона дар муддати як сол бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 120 нафар бо кор ва маоши аз 1200 то 1500 сомонӣ таъмин гардидааст. 70 нафари коргарон занону духтарон мебошанд.Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад. Техникаю таҷҳизоти ин корхона, ҳамчунин каммасраф буда, нисбат ба дастгоҳҳои технологии пешин 50% камтар нерӯи барқ сарф мекунад.Дар назди ҳамин корхона бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба сохтмони корхонаи равғанкашӣ оғоз бахшида шуд.Чунонки иттилоъ доданд, дар корхона ҳар шабонарӯз то 50 тонна чигит ва ё дони офтобпараст коркард хоҳад шуд. Дар ин корхона 4 навъи маҳсулот-равған, кунҷора, шулуха ва тибити пахта тавлид мешавад. Танҳо равған дар ин корхона дар як сол беш 3 ҳазор тонна истеҳсол мешавад.Ин корхона то даҳаи охири моҳи декабри соли равон ба кор омода шуда, дар он 105 нафаи дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






