Корхонаи Ресандаи шаҳри Қурғонтеппа дубора ба кор даромад

Июль 5, 2013 11:58

Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар ҶСК Ресандаи шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои нави ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бори ришта ва матоъ, дӯхти либос ва ҷӯроббофӣ ба кор дароварда шуд.Тавре зикр гардид, ҶСК Ресанда аз соли 2007 ба ин сӯй бо сабаби кӯҳнаю фарсуда шудани техникаю таҷҳизот ва дар бозор рақобат карда натавонистан ҳамагӣ бо 15-20% иқтидораш фаъолият мекарду бас.Аз ин сабаб имсол роҳбари корхона, соҳибкори маҳаллӣ Нусратулло Файзуллоев тасмим гирифт, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти нав ба ин муассисаи бузурги истеҳсолӣ умри дубора бахшад.Тавре аён гардид, имрӯз эҳёи тадриҷии корхона ба назар мерасад. Бо харҷи 6,5 миллион доллари амрикоӣ ба корхона таҷҳизоти нави технологияи муштараки Чину Кореяи Ҷанубӣ ворид карда шуд. Ҳамин тариқ фаъолияти ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бори ришта ва матоъ, дӯхти либосвории гуногун ва бофтани ҷӯроб ва дигар ашёи трикотажӣ, аз қабили ба истилоҳ футболка, таҳпӯшҳои мардонаю занона ва ғайра ба роҳ монда шуд. Бад ин тартиб дар ин корхона коркарди нахи пахта то маҳсулоти тайёри ниҳоӣ, ки аз ҷумлаи супоришҳои доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ба назар мерасад.Корхона бо иқтидори кунунияш дар як шабонарӯз метавонад 5-6 тонна матоъ, 5 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 1000 дона футболка ва тибқи фармоиши мизоҷон миқдори зарурии либосворӣ истеҳсол намояд. Дар маҷмӯъ имрӯз дар як шабонарӯз то 10 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад. Дар як сол дар ин корхона аз 8,5 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ тавлид мегардад.Ҳоло дар ҳамаи коргоҳҳои корхона 650 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Танҳо дар коргоҳҳои дӯзандагӣ 315 мошини дӯхти либос васл гардидааст. Дар сурати дар ду баст ташкил намудани кор танҳо шумораи дӯзандаҳо ба 630 нафар хоҳад расид.Тавре иттилоъ дода шуд, навсозии корхона, воридоти технологияи нав ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ идома дорад. Дар марҳилаи дуюми навсозӣ, ки то тирамоҳи соли равон ба поён мерасад, шумораи коргарон ба 2,5 ҳазор нафар расонда хоҳад шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкори фаъол арзи сипос карда, фаъолияти ӯро намунаи ибрат номид.

Июль 5, 2013 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд