Кортҳои виртуалии Тоҷиксодиротбонк
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар»). — ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» навъҳои хизматрасониҳоро дар бахшҳои кортҳои пардохтӣ ва низоми пардохтии ғайринақдӣ беш аз пеш густариш дода, ҷадидтарин ва беҳтарин шароитро пешкаши муштариён мегардонад. Ҷорӣ намудани «кортҳои виртуалӣ» яке аз чунин навовариҳост, ки аз охири соли 2012 инҷониб бомуваффақият дар низоми бонкӣ амал мекунад. Ин раванди ҷадид дар муддати кўтоҳ муштариёну хоҳишмандони зиёди худро пайдо намуда, ҳамчун калиди дарҳои бозори электронӣ ба эҳтиёҷмандон хидмат мекунад. Дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи кор бо даъвоҳои идораи барориш ва хизматрасонӣ аз рўйи кортҳои пардохтии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Парвин Аминҷонов, гуфт, ки кортҳои виртуалӣ ин кортҳои пардохтии махсуси бонкӣ буда, барои гузаронидани амалиёт дар муҳити интернетӣ муқаррар гардидаанд. Ин беҳтарин воситаи муосир барои харидории ҳамагуна мол ва пардохти хизматрасониҳои интернетӣ -ҳам дар саҳифаҳои дохил ва ҳам хориҷи кишвар мебошад. Мақсади аввалиндараҷаи ихтирои кортҳои виртуалӣ, ки бори аввал соли 1999 дар Кувайт рўи кор омад, ин афзоиш додани боварии муштариён ба тиҷорати электронӣ ва пешоварди имконот барои ҷудо намудани хароҷотҳои муқаррарӣ аз харидҳои интернетӣ буд. Тавре мушоҳида мегардад, имрўз ҳолатҳои сўиистифода аз маълумоти кортҳои пластикӣ ва қаллобӣ бо истифода аз онҳо дар фазои интернет рўз аз рўз меафзояд ва ин боиси дар зеҳни муштариён пайдо шудани хавфи истифодабарии кортҳои худ ҳангоми харидҳои электронӣ мегардад. Дар ин ҳолат ба онҳо корти виртуалӣ кўмаки беандоза хоҳад расонид. П. Аминҷонов ироа намуд, ки истифодаи ин гуна кортҳо имконияти бартарафкунии ҳолатҳои ошкор шудани маълумоти кортҳои бонкиро дар интернет фароҳам меорад. Чунончи, муштарӣ метавонад корти виртуалиро кушода, маблағи лозимаро, ки барои харид кофӣ аст, пардохт намояд. Дар сурати пеш омадани зарурат, муштарӣ инчунин имкон дорад, ки тавассути банкоматҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» аз корти муқаррарии пластикии VISA-и худ ба корти виртуалӣ маблағ гузаронад ва ё аз тариқи банкоматҳои Cash-in ба корт маблағ пардохт намояд. Аз нуқтаи назари қабулкунандаи маблағи пардохт, корти виртуалӣ аз корти пластикии VISA ҳеҷ тафовуте надорад, вале он барои дорандагони корт бехавфтарин имконоти гузаронидани харидҳои электрониро фароҳам меорад. Яъне корти виртуалӣ, ин воситаи пардохтии муосири маблағҳои бехатари электронӣ ва пардохти сареъ ва осон аст. «Кортҳои мазкур ба муҳлати аз 1 моҳ то 1 сол бароварда мешаванд. Онҳо дорои рақам, мӯҳлати эътибор, коди махфии CW2/CVC2 (коди серақамаест, ки дар пушти корти пластикии маъмул чоп мешавад) буда, ба василаи онҳо дар мағозаҳои муқаррарӣ ба анҷом расонидани харид ғайриимкон аст, зеро онҳо бидуни сифатҳои асосии кортҳои пластикии VISA, ба монанди лентаи магнитӣ, тамғаи молии низоми пардохтӣ, ҷои имзо, номи дорандаи корт ва худи корти пластикӣ мебошанд. Вале, бо хоҳиши мизоҷ бонк метавонад ба суратҳисоби мавҷудаи корти пластикии VISA-и ў корти виртуалии иловагӣ боз намояд».- афзуд П. Аминҷонов. Хоҳишмандон метавонанд ба сарбонк ва ё филиалҳои он муроҷиат намуда, барориши корти виртуалиро барои худ фармоиш диҳанд ва бе ҳеҷгуна монеа зуд ва бидуни нигаронӣ харидҳои интернетии худро ба анҷом расонанд, гуфт дар фарҷом мутахассиси «Тоҷиксодиротбонк».








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






