Куҳнавардони украинӣ дар қуллаҳои Тоҷикистон

Июль 27, 2013 11:25

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар»). — Як гуруҳи 18 -нафараи куҳнавардони украинӣ бо роҳбарии Сарвари Федератсияи Куҳнавардони вилояти Донетск, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Ковалёв Сергей Викторович ва Олга Викторовна Гуз ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Чуноне, ки зимни суҳбат иброз намуданд, мақсади сафари онҳо ба кишвари мо ин фатҳи қуллаҳои баланди Тоҷикистон, аз ҷумла қуллаи Исмоили Сомонӣ мебошад. Дар ҳайати экспозитсия куҳканони зеризаминӣ низ ҳастанд. Онҳо аз масофаи аз ҳама чуқури Донетск пораи ангишт гирифта, ният доранд, ки онро дар яке аз қуллаҳои балантарини олам — Исмоили Сомонӣ гузоранд.

Июль 27, 2013 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш