Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндагони «Austrade»

Июль 10, 2013 17:06

Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Имрӯз, 10-уми июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Мелбурни Австралия бо намояндагони Комиссияи тиҷоратии ин кишвар – Austrade мулоқот кард.Бар пояи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ зимни вохӯрӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар мавриди Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузории кишвар маълумоти муфассал дода, намояндагони Комиссияи тиҷоратии Австралияро барои ба роҳ мондани ҳамкории наздик дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи ангишт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ даъват намуд. Ҳамчунин,ҷонибҳо масоили ташкили сафарҳои соҳибкорони ду кишварро баҳри оғози ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун мавриди муҳокима қарор доданд. Гуфта мешавад, фаъолияти Комиссияи тиҷоратии Австралия – Austrade барои пешбурди тиҷорат, сармоя ва маорифи Австралия, рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни кишварҳо равона шуда, Austrade дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон ҳудуди 80 намояндагӣ дорад.

Июль 10, 2013 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш