Мулоқоти Э.Раҳмон Бо Ллойд Остин III
Душанбе, 30 июл (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ллойд Остин III- ро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.Аз сатҳ ва муҳтавои равобит ва ҳамгироии сохторҳои марбутаи ду кишвар дар ин бахшҳо, аз ҷумла доир ба мусоидат ба таҳкими амну субот дар Афғонистон ва пешгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Генерал Ллойд Остин III нақши Тоҷикистонро дар нигаҳдории амнияти минтақавӣ муҳим номида, ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон арзи сипос кард.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дастгирии минбаъдаи моддию техникии воҳидҳои низомӣ ва махсуси Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадии кишвар барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, хусусан пас аз соли 2014, сурат гирифт.Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши робитаҳои оянда таъкид доштанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






