Мулоқоти масъули ҲХДТ дар Новосибирск

Июль 2, 2013 11:52

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз роҳбари Шӯрои варзишгарони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Баҳром Усмонов бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар макотиби олии шаҳри Новосибирски Русия таҳсил доранд, вохӯрӣ анҷом дода, доир ба масаълаҳои таҳсил, сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон, барномаи ҲХДТ, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа бо онҳо суҳбат оростааст. Ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ Баҳром Усмонов баҳри шиносоӣ аз шароити иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия рафтаву дар ҷараёни сафари кории худ бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия, муҳоҷирони корӣ, донишҷӯён ва ҷавонон мулоқотҳо доир намуда,аз марказҳои фарҳангӣ низ дидан мекунад.

Июль 2, 2013 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш