Мулоқоти О. Оқилов бо ноиби нави Бонки ҷаҳонӣ

Июль 17, 2013 11:26

Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ноиби нави Президенти бонк оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Мараказӣ хонум Лаура Фриҷенти мулоқот кард. Зимни мулоқот самараи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар давоми бист соли охир, нақшаи рушди муносибатҳои дуҷониба ва амалигардонии тадбирҳои нави муштарак барои солҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҷонибҳо ба сатҳу сифати ҳамкориҳо дар бахши беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дахл карда, зарурати тақвияти ин ҳамкориҳоро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаи энергетика махсус таъкид намуданд.

Июль 17, 2013 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш