Нигоҳи ғаразноки «Нигоҳ»
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар»).- Ҳар шахсе, ки мақолаи «Президент ҷомеаи диниро то ҳол нашинохтааст»- и рӯзноманигори ҳафтаномаи «Нигоҳ» Амруллоҳи Низомро дастрас ва мутолиа намудааст, ба хубӣ пай мебарад, ки он муғризона ва бидуни ҳеҷ як таҳлили амиқ навишта шудааст. Доир ба иштибоҳоти имлоиву маъноии ин мақола ҷои гап нест, зеро дар ин бобат худи хонанда аллакай қазоват карда. Амруллоҳи Низом менависад: «ҳукумати феълӣ ҳолат ва вазъияти ҷомеаи динии кишварро дуруст дарк карда натавонистааст» Дар ҳоле, ки мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷомеа, махсусан ҷомеаи динӣ худ гувоҳи дарки дурусти вазъ ва ҳолати ҷомеаи динии кишвар аз ҷониби Ҳукумат ва Сарвари давлат буд. Агар ин рӯзноманигор дар мулоқоти Президент бо намояндагони аҳли ҷомеа иштирок медошт, бояд дарк мекард, ки сухан дар мавриди чӣ меравад. Сарвари давлат дар ибтидои суханронияш ҳадафи дидор бо намояндагони аҳли ҷомеаро «ташкили ҳарчи беҳтари корҳо дар самти ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва арзишҳои фарҳангиву динӣ барои боз ҳам устувор намудани вазъи муътадили имрӯза ва пешгирӣ кардан аз ҳар гуна кӯшишҳои халалдор сохтани фазои динӣ ва сиёсии кишвар» маънидод намуд. Президент дуруст гуфт, ки «мулло дар ҳар сурат, агар аз аҳли савод ва тақво бошад, набояд аз дин истифодаи моддӣ кунад ва динро воситаи касб дар зиндагии худ қарор диҳад»Далели гуфтаҳои Президент ҳадиси паёмбар (с) аст, ки Имом Бухорӣ дар «Саҳеҳ»-и худ овардааст: (ما أكل أحد طعاماً خير من أن يأكل من عمل يده، وإن نبي الله داود كان يأكل من عمل يده)(Барои инсон таоми беҳтаре нест, магар он, ки аз амали дасти худ ёбад ва ҳаққо ки паёмбари Худо Довуд аз меҳнати дасти худ рӯзӣ пайдо мекард)Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кард, ки имомон ва имомхатибон дар баробари он, ки ба умури динӣ машғул мешаванд, бояд касби дигаре ҳам дошта бошанд, ки бо он зиндагии худро пеш баранд. Аммо дар мавриди таъйини маош ба эшон, ки Амруллоҳи Низом ва рӯзноманигороне мисли ӯ гирди он ҳангомаҷӯӣ мекунанд, сухан гуфтан ҳоҷат надорад. Агар Амруллоҳи Низом бо китобҳои таърихи дини ислом ошно мебуд, аминам, ки дар мавриди таъйини музди меҳнат ба имомхатибон лаб намекушод. Зеро ҳанӯз дар солҳои фатҳи ислом ба имомону муаззинон аз ҳисоби «байт-ул-мол» маблағи муайяне ҷудо мегардид, ки онро «ризқ» мегуфтанд. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат дар баробари дастгирии дигар қишрҳои ҷомеа ба кори ходимони дин низ расидагӣ кард, ки ба қавли намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешниҳод борҳо аз ҷониби худи имомхатибон низ ироа гардида буд. Президент дар ин дидори худ бештар бо такя ба оятҳои қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ сухан мегуфт. Маслан, ӯ гуфт: «Худованд дар сураи Ҳуд, ояти 29-уми каломи осмонии худ мефармояд: “Эй қавми ман, барои ин рисолат подоше аз шумо дархост намекунам. Подоши ман ҷуз бар уҳдаи касе, ки маро офаридааст, нест. Пас оё намеандешед?”Ин каломи Худоро Амруллоҳи Низом ба қавле «шарҳи мантиқӣ» дода, мегӯяд: «Мантиқи ин гуфтор он аст, ки имомхатибон бояд холисанлиллоҳ кор кунанд ва аз касе чизе тамаъ надошта бошанд»А. Низом боре фикр накардааст, ки агар имомхатиб аз сарчашмаи муайяне музд ба даст орад, ин боиси аз байн рафтани тамаъ мегардад ва ӯ холисанлиллоҳ кор мекунад. Дар ҳоле ки пешнҳоди Президент дар мавриди эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаи тозагии симои ахлоқиву маънавии ходимони дин аз ҷониби аҳли толор, ки аксари онҳо худ намояндагони иттиҳодияҳои динӣ буданд, хуш пазируфта шуд, пас, ин мавзӯро ба риштаи «таҳлил» кашидани ин рӯзноманигор чӣ маънӣ дорад? Амруллоҳи Низом дар ин мақола симои ахлоқӣ гуфта, ришро мисол меорад, ки ин гувоҳи зоҳирро аз ботин фарқ накардани рӯзноманигор мебошад. Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба иштирокдорони ин мулоқот, хоссатан намояндагони ҷомеаи динии кишвар гуфт: «Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба номи ятимон суратҳисоби махсус кушода шудааст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки фитри рӯза ва дигар кӯмакҳои моддӣ ба суратҳисоби онҳо гузаронида шаванд»Ғамхорӣ ба ятимону бенавоён ва барҷомондагон аз накутарин хислатҳои инсонӣ буда, дар аҳодиси паёмбари Худо низ борҳо ин нукта таъкид ва тавсия мешавад. Дар «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ омадааст:قال رسول الله صلى الله عليه وسلم 🙁 أنا وكافل اليتيم في الجنة هكذا) Паёмбари Худо (с) гуфт: «Ман ва сарпарасти ятим дар биҳишт монанди ду ангушт ҳастем”Пас, магар ин пешниҳоди ғамхоронаи Сарвари давлат боиси дастгирӣ нест? Магар ин кори бад аст? Дар ҳоле, ки Президенти кишвар чандин маротиба такроран таъкид намуд, ки «аммо набояд ин кор иҷборан сурат бигирад», рӯзноманигори «Нигоҳ» менависад, «Фитри рӯза ҷузъи фиқҳи ибодот аст ва ба ҷо овардани умури ибодӣ ихтиёрӣ ва ихлосу ният фард вобаста аст». Боқӣ, дар мавзӯи мазкур қазоватро ба хонанда вогузор мекунем. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот иброз намуд, ки «баъзе шахсон маросими ҳаҷро ба василаи худнамоиву зоҳирпарастӣ табдил дода, безарурат панҷ-шаш маротиба ва ҳатто зиёда аз ин ба ҳаҷ рафтаанд.Худатон қазоват кунед, ки ин амали онҳо чӣ мантиқ ва чӣ ҳикмат дорад. Фикр мекунам, ки агар шахсони сарватманд ба ҷои худнамоиву зоҳирпарастӣ ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва шахсони муҳтоҷу дармонда дасти ёрӣ дароз кунанд, ба деҳа ё кӯчае об баранд, мактаб ё синфхонае созанд ва роҳеро обод кунанд, савобу аҷри бештаре хоҳанд гирифт» Аммо дар ин бобат мухбири «Нигоҳ» иддао дорад, ки ҳукумат ё масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин бо «роҳҳои тоҷикӣ» ба рафтани ин қабил ҳоҷиён мусоидат мекунанд. Ба қавли ин рӯзноманигор «агар фаъолияти ин кумита, ки Ҳаҷро ба як намуди бизнес табдил додааст, шаффоф ба роҳ монда мешуд, ҳам арзону ҳам осон дигар навбатпоён ҳам рафта метавонистанд» «Роҳҳои тоҷикӣ» гуфта рӯзноманигор чиро дар назар дорад? Агар манзураш ришваю фасод бошад, чаро онро ба «тоҷикӣ» мепайвандад? Наход ришваю фасод аз сифатҳои миллии мо бошанд? Агар як рӯзноманигори мо нисбат ба миллат ҳамин гуна муомила дошта бошад, аз дигарон чӣ гила?Кумитаи оид ба корҳои дин дар нишасти матбуотии худ рӯзи 9-уми июли соли ҷорӣ изҳори омодагӣ кард, то бо ашхосе, ки дар робита ба ҷой доштани ҳар гуна мушкил дар самти Ҳаҷ дар даст далеле доранд, ҳамкорӣ хоҳад кард. Агар гуфтаҳои Амруллоҳи Низом пучу ҳавоӣ набошанд, хуб мешуд бо далелҳои қотеъ ба кумитаи мазкур муроҷиат кунад. Эродҳои рӯзноманигор дар бобати дар таҳоратхонаи масҷиди марказӣ ба гуш нарасидани садои азон дар ҳолест, ки дӯстони донишҷӯям мегӯянд: «пас аз анҷоми дарс садои азони масҷиди марказиро дар рӯи пули шаҳраки донишҷӯён мешунавем ва баъдан ба намоз меравем». Худи ман низ ба ин гуфтаҳо шаҳодат медиҳам. Дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ҳарчанд аз ҷониби иштирокдорон пешниҳодоте роҷеъ ба ҳазфи калимаи «ислом» аз Ҳизби наҳзат садо медоданд, аммо Президенти кишвар ин пешниҳодотро тасдиқ ё ҷонибдорӣ накард. Ба ҳар ҳол, гумон мекунам, ки ин пешниҳод бори дигар собит сохт, ки намояндагони ҷомеаи динии кишвар низ нисбат ба фардои ҷомеа ва миллат бетараф нестанд. Аммо роҷеъ ба он, ки Амруллоҳи Низом дар хулосаи худ навиштааст: «Ин ҷониб ба натиҷа расидам, ки ҳамин гуна маълумоти машкук ва тасҳеҳталаб боис гардидааст, ки як қишри ҳаводори ҷомеа худро аз оғӯши ҳукумат ба доман (шояд «домани» навиштан мехост) мухолифин биандозанд…»Дар посух ба гуфтаҳои ин рӯзноманигор ҳаминро гуфтаниам, ки ашки чашм, пушаймонӣ ва узрхоҳии яке аз фаъолтарин аъзои Ҳизби наҳзат Абдураҳим Каримов (Мулло Абдураҳим) дар назди миллат худ гувоҳ аст, ки он «ташаккули фикрӣ»-и мегуфтаи Шумо ҷомеа ва миллатро ба куҷо мерасонад. Афшини Муқим








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






