Номгӯи патентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтироъ
Душанбе, 23 июл.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Дар сомонаи интернетии Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон www.gptb.tj номгӯи патентҳо ва нахустпатентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтироъ дар зергуруҳи саҳифаи асосӣ «Патентҳо» ҷойгир карда шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар айни замон дар сомона номгӯи 447 патент ва 543 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Дар саҳифа ба ғайр аз номи ихтироъ, рақами тартибии патентҳо, санаи пешниҳоди арзнома барои гирифтани патент (аввалияти ихтироъ), ному насаби арзномадеҳон, муаллифон ва дорандагони патент ҷой дода шудааст. Мутахассисони китобхона дар айни замон корҳои дар сомона ҷой додани тавсифи мухтасари патентҳоро иҷро намуда истодаанд, ки дар рӯзҳои наздик истифобарандагон метавонанд бо он шиносоӣ пайдо намоянд. Сомонаи интернетии Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон www.gptb.tj аз сомонаҳои интернетӣ (соли ташкил 2007) дар соҳаи иттилооти китобхонавӣ дар фазои ҷумҳурии соҳибистиқлол мебошад, ки ҳамарӯза аз он зиёда аз 100 нафар истифодабаранда дидан менамояд. Роҳбарияти китобхона кўшиш дорад, ки дар оянда бо ҷалби сармояи ташкилотҳои байналхалқӣ сомонаи интернетии китобхонаро такмил намуда, маъхазҳои маълумотӣ ва феҳристҳои электронии китобхонаро дар сомона ҷойгир намоянд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






