Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав

Июль 31, 2013 18:47

Душанбе, 31 июл (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Маскави Федератсияи Русия шуд.Тавре қаблан хабар дода будем, ин боздид бо даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сурат мегирад.Тайи ин сафар мулоқоти ғайрирасмии сарони ду давлат сурат мегирад.Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла роҳҳои татбиқи босамари санадҳои қаблан имзошуда баррасӣ хоҳад шуд.

Июль 31, 2013 18:47

Хабарҳои дигари ин бахш