Омӯзиши муҳити сармоягузории кишвар

Июль 26, 2013 09:48

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дирӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Тайиланд дар ҶТ Чан Ҷулламон баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Тайиланд дар ҶТ Чан Ҷулламон ҷиҳати супоридани нусхаи эътиборномаҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, зимнан барои баррасии муносибатҳои дуҷониба ва омӯзиши муҳити сармоягузории кишвар анҷом додани мулоқотро бо вазири энергетика ва саноати ҶТ мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва саноатро баррасӣ намуданд.Гул Шералӣ оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва бахшҳои гуногуни саноат, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва бахшҳои гуногуни саноат, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуд.Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мазкур ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Июль 26, 2013 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш