Парлумон “Қонуни милитсия”-ро мақбул надонист. Чаро?

Июль 5, 2013 10:26

Душанбе, 5 июл.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”-ро аъзои Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи чордаҳуми палатаи болоии Парлумони мамлакат ҷонибдорӣ накарданд. Зикр шуд, ки иллати ҷонибдорӣ нагаштани қонуни мазкур дар мавридҳои алоҳида ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда мухолифат доштани он мебошад. Қонуни ҶТ “Дар бораи милитсия”, ки қаблан аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардида буд, боз ҷиҳати аз байн бурдани мухолифати он бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба палатаи поёнии Парлумон баргардонида шуд. 

Июль 5, 2013 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш