Посухи Маркази исломии Тоҷикистон ба Мулло Маъруф
Посух ба мақолаи бемантиқу бемавқеъ ва беназокати Мулло Маъруф, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Сариосиё»-и пойтахт дар нашрияи «Нигоҳ» (№17 аз 17.07.2013)Алҳамдулиллоҳ вассалоту вассалому ало Расулиллоҳ. Моҳи мубораки Рамазон, моҳи нузули Қуръон, моҳи ваҳдату садоқат ба Парвадигор ва Расули Ў идома дорад. Дар ин айём мардуми саодатманди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз Офаридгори мушфиқу муқтадир барои фазои озоду обод ҷиҳати ба ҷо овардани ибодоти лозима рўза мегиранд ва шабҳо бо таровеҳу хатми Қуръон машғул ҳастанд. Матбуоти давр бошад, афкори озоди мардумро паҳн мекунад ва ба он бояд посух дод. Билхоса, ба он матолибе, ки беназокату бемавқеъ ва андар масоили ҳассоси эътиқодӣ баён мегарданд.Аммо ибтидо бояд хотиррасон намуд, ки дар ҳамаи давру замон дар тамоми кишварҳои мусулмоннишин ниҳодҳои масъул оид ба фатвои шаръӣ вуҷуд доранд ва бо номҳои мухталиф, ба мисли «Дорулфатво», «Муфтиёт», «Идораи динии мусулмонон» ва ғайра номгузорӣ шудаанд.Дар Тоҷикистон ягона ниҳоди масъуле, ки ҳаққи фатво додан дорад ва ба масоили шаръӣ машғул аст, Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Шӯрои уламои дин раёсати он мебошад. Шўрои уламои ҷумҳурӣ фаъолияти худро дар доираи қавонини шариати поки Муҳаммадӣ ва мазҳаби ҳанафӣ ба роҳ монда, дар умури шаръӣ фатво ва қарорҳои худро ба тасвиб мерасонад.Шўрои уламои дини ҷумҳурӣ ҳар сол дар арафаи моҳи мубораки Рамазон дар маҷлиси васеъи худ масъалаи муайян кардани тақвими моҳи шарифи рамазон, нисоби закот, садақаи фирт ва масоили заруриро баррасӣ мекунад.Дар таърихи 02.07.2013 дар маҷлиси Шўрои уламо масъалаи мазкур, яъне таъйини рӯзи аввали Рамазон бо ҳисоби эҳҷаздабуд, ки уламои Мовароуннаҳр ва Хуросон бо он садсолаҳо амал карда омадаанд ва бо тасдиқи ҳисоби илмӣ аз муассисаҳои таҳқиқотии ҷумҳурӣ ва посухи илмии он ба инобат гирифта шуда, қарори худро содир кард. Яъне, соли 1434 ба ҳисоби эҳҷаздабуд ҳокими сол «Ҳ», яъне рақами 5, ҳокими моҳи Рамазон низ «Ҳ», яъне 5 буда, ду 5 дар маҷмӯъ адади 10-ро ташкил медиҳад. Аз 10 бошад, 7-ро тарҳ мекунанд, боқӣ мемонад – 3, яъне рӯзи сешанбе. (1 боқӣ монад – якшанбе, 2 боқӣ монад – душанбе, 3 боқӣ монад – сешанбе, 4 боқӣ монад – чоршанбе, 5 боқӣ монад – панҷшанбе, 6 боқӣ монад – ҷумъа. Рақами 7 бошад — шанбе).Ибтидои моҳи мубораки Рамазон ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар сол қариб дар тамоми олам дар байни давлатҳо ба як рўз фарқ мекунад. Аз ин набояд тааҷҷуб кард, зеро ба чашми сар дидани ҳилоли нав дар ҳама ҷо як хел сурат намегирад. Уламои олами ислом дар Истанбул, Қоҳира, Дорулбайзо, Ҷидда, Маккаи мукаррама ва ғайра дар ин масъала даҳҳо конфронсу ҷамъомадҳо гузаронидаанд. Аммо дар як рўз дар тамоми олам ибтидо кардани моҳи мубораки Рамазон ва дар як рӯз иди саиди фитрро барпо кардан ҳалли худро наёфт, зеро дар як мамлакат бо назардошти вазъи ҷуғрофӣ ва иқлими он кишвар руъяти ҳилол шавад, дар мамлакати дигар бо сабабҳои маълум дида намешавад. Уламои ислом мувофиқи масоили шаръӣ фатво доданд, ки ҳар як мамлакат идораи фатводиҳандаи худро дорад ва бигзор сокинони он мамлакатҳо ба фатвои он идораҳо амал кунанд.Мулло Маъруфи Элокӣ, ки чандин сол узви Шӯрои уламои ҷумҳурӣ буд ва қарорҳои Шӯрои уламо ҳамон замон низ бо назардошти ҳисоби эҳҷаздабуд бароварда мешуд. Он айём ў ягон бор даъво накарда буд, ки ман баромада аз болои кўҳ ё баландие моҳро мебинам. Ё соати 20:00 бо вақти саудӣ ва 22:00 бо вақти Тоҷикистон, ки як қисмати аҳолии Тоҷикистон хоб аст, фатвои саудиро ба назар гирифта, эълони фардо рӯза доштан ё надоштанро боре нагуфта буд.Мулло Маъруф, ки бо сабаби маълум дар узвияти Шӯрои уламои ҷумҳурӣ нест, масоили шаръиро аз китобҳои фиқҳӣ мисол оварда, даъво мекунад, ки ин масъаларо фақат ӯ медонаду аъзои Шӯрои уламои ҷумҳурӣ ҳама аз ҳадиси руъят ва илми фиқҳ бехабаранд.Қарори маҷлиси Шӯрои уламо бо ҳисоби эҳҷаздабуд ва ҳуҷҷатҳои тасиқкунанда як ҳафта пеш аз ибтидои моҳи Рамазон ба тасвиб расида, ба ҳамаи масоҷид фиристода шуда буд. Мулло Маъруф, ки ходими расмӣ, яъне имомхатиби масҷиди ҷомеъи «Сари осиё»-и Душанбе аст ва масҷиди таҳти назораташ дар як вақт ба Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздиктарин масҷиди ҷомеъ ҳисоб мешавад, агар шубҳаву гумоне медошт, барои чӣ ба Шӯрои уламо муроҷиат накард, номаълум. Ё худ аз рўи мантиқи маъмули «илоҷи воқеа қабл аз вуқўъ бояд кард», чаро пеш аз моҳи Рамазон аз тариқи нашрияе фикрашро баён накард ва ё дар масҷиди ҷомеъ изҳор накард, ки дар қарори Шӯрои уламо иштибоҳе ҳаст. Сокинони давлатҳое, ки моҳро шаби сешанбе дида буданд, рӯза доштанд ва он давлатҳое, ки моҳро надиданд, рӯзи чоршанбе ибтидо карданд.Худи Мулло Маъруф медонад, ки чунин ихтилоф ҳар сол дар олами ислом ҳаст ва мавриди тааҷҷуб дар он аст, ки ин домуллои муҳтарам баъди чанд рӯзи моҳи мубораки Рамазон даъво мекунад, ки Шӯрои уламо иштибоҳ кард. Аммо ҳақиқати ҳолро намегӯяд, ки таъйини моҳи шариф бо ҳилоли нав мувофиқ буда, ягон ихтилоф ва фарқияте надорад.Ҳар шахсе, ки ба фатвои баъзе давлатҳои араб такя кунад, ӯ бояд донад, ки иқлим ва руъяти ҳилол дар минтақаҳои рӯи замин фарқ мекунанд. Тоҷикистон, ки 93 фоизаш куҳсор аст, табиат ва иқлими ба худ хос дорад ва инро бояд ба эътибор гирифт. Одатан, ҳар инсони оқилу доно суханро санҷида мегӯяд, то ин ки мардумро ба иштибоҳ наандозад, зеро моҳи мубораки Рамазон — моҳи тафриқаандозӣ нест, балки моҳи нузули Қуръон, моҳи раҳмату мағфират, моҳи ваҳдату сарҷамъист.Дар охир дуо мекунем, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон аҳли уламо муттаҳид бошанд, Тоҷикистон обод ва миллати тоҷик сарбаланд бошад ва ибодатҳои моро Худо ба даргоҳаш қабул фармояд.Омин ё раббал оламин.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






