Саҳми назарраси Хадамоти оташнишонӣ

Июль 27, 2013 11:16

Муъминобод, 27 июл. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Муъминобод дар пешгирии ҳодисахои сӯхтор ва ҳифзи амволи ҷамъиятию хусусӣ аз сӯхтор корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Шуъбаи мазкур аз ҷониби Хадамоти давлатии сӯхторнишонии ҷумӯурӣ бо техника ва лавозимоти соҳавӣ таъмин гардида, кормандони хадамот ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд ва дар кӯтоҳтарин муддат бо техникаи сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир мешаванд. Бахшида ба 85- солагии таъсиси Хадамоти давлатии сӯхторнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳукумати ноҳияи Муъминобод ҳамоиши бошукуҳ ташкил карда шуд, ки дар он раиси ноҳия кормандони хадамотро табрик гуфта, ба онҳо барои хизматҳои арзандаашон ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ тақдим кард. Зикр шуд, ки дар ҳақиқат кормандони Хадамоти давлатии сӯхторнишонии кишвар ҳаёти ҳазорон нафар шаҳрвандон ва ба маблағи миллионҳо сомонӣ молу амволи сокинонро аз сӯхтор начот додаанд.

Июль 27, 2013 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш