Шаҳрванди ҶИА бо ҳаҷми ниҳоят калони маводи нашъадор дастгир шуд

Июль 30, 2013 16:04

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар якҷоягӣ бо Раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бо миқдори калони маводи нашъадор дастгир намуда, дар натиҷа фаъолияти ҷинояткори нашъаҷалобро қатъ карданд. Ҳафтаи гузашта кормандони фаврию раёсатҳои АНМН дар ВМКБ ва шуъбаи байниминтақавии гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоби раёсати АНМН дар вилояти Хатлон дар ҳудуди мавзеи Назар- айвони Шӯробод як амалиёти махсус гузаронида, дар натиҷа шаҳрванди 32-солаи Ҷумҳурии Исломии Афгонистонро бо гумонбарӣ дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир дастгир намуданд.Аз дастгиршуда як борхалтаи полуэтинӣ ёфта ва мусодира намуданд , ки дар дохилаш маводи растанимонанди сабзранги бӯи махсусдошта пинҳон карда буд. Мутобиқи маълумотномаи озмоишгоҳи ташхиси судии АНМН парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, дастгиршударо ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии агентӣ ворид намуданд.Бино ба иттилои Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло барои муайян кардани шахсони дигари ба ин ҷиноят ҳамроҳ аз ҷониби кормандони АНМН чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ гузаронида мешаванд.

Июль 30, 2013 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш