Таъсири манфии корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон ба муҳити зист
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова)- Кормандони раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар 16 мавзеи ноҳияҳои назди марзии Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров мониторинги вазъи экологӣ доир намуда, ошкор сохтанд, ки корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон ба вазъи муҳити зисти ин минтақа таъсири манфӣ мерасонанд. Дар ноҳияи Мастчоҳ таъсири манфии корхонаи гидрометаллургии шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад. «Партовҳои моеъи ин корхона ба сарбанди каме дар баландӣ воқеъ, ки зери пастии он заминҳои обёришавандаи ин ноҳия ҷойгиранд, рехта мешаванд. Ин партовҳои моеъ, ки дар таркибашон маводи зараровар, аз ҷумла металлҳои вазнин мавҷуданд, ба обҳои зеризаминии атроф роҳ ёфта, дар натиҷа дар ин мавзеъ беҳосилшавии заминҳо ба мушоҳида мерасад», — зикр кард сардори раёсат Хуршед Саидов.-То ҳанӯз тамоми ҳаҷми зарари расонидашуда ба муҳити зисти вилоят аз фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвари ҳамсоя муайян нашудааст. Макони партовҳои саноатии воқеъ дар ноҳияи Спитамен низ боз як омили таъсири манфӣ ба муҳити зист аст, зеро ки дар шаҳри Бекободи Ӯзбекистон, ки бо ноҳияи Спитамен ҳаммарз аст, корхонаҳои гидрометаллургӣ ва истеҳсоли семент фаъолият доранд ва ба вазъи экологии ин минтақа таъсири манфӣ мерасонанд, — гуфт Х. Саидов.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






