Тиҷорати хориҷӣ: афзоиши воридот ва коҳиши содирот

Июль 17, 2013 15:34

Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон беш аз 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 105 млн. доллар зиёд аст. Ин нукта зимни нишасти матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон 17 июл зикр шуд.Иттилоъ дода шуд, ки аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ беш аз 1 млн. доллар ба воридот ва беш аз 6 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 млн. доллар ба воридот зиёд ва содирот бошад, 51 млн. доллар кам гаштааст.

Июль 17, 2013 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш