Вазири корҳои хориҷӣ Эътимодномаи Сафири Таиландро қабул намуд
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар»).-24 июли соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқими ш. Остона) Чан Ҷулламонро ҷиҳати супоридани нусхаҳои Эътимоднома ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Таиланд, аз он ҷумла, иҷрои ҳамоҳангиҳое. ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Таиланд моҳи майи соли равон ба даст омада буд, табодули афкор намуданд. Ҷонибҳо инчунин мавзуъҳои сафари расмии Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра ба Тоҷикистон ва иштироки ӯро дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин робита ҷонибҳо аҳамияти ифтитоҳи хатсайри ҳавопаймоии мустақими байни пойтахтҳои ду кишвар, таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва таъйини муштараки консулҳои фахрии ду кишвари дӯстро таъкид намуданд. Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ч. Ҷулламон дар адои вазифаи пурмасъулияташ комёбиҳо таманно намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки сафир ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва инкишофи робитаҳои дуҷониба саҳмгузор хоҳад буд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






