Вазири тандурустӣ: «Фавти модару кӯдак тамоюл ба пастравӣ дорад»

Июль 11, 2013 15:46

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- «Самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ин дастрасии хизматрасонӣ ба модарону кӯдакон мебошад»- гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷкистон Нусратулло Салимов. Салимов зикр кард, ки мувофиқи маълумоти омори расмӣ нишондоди фавти кӯдакон ва модарон дар 5 соли охир тамоюли пастравӣ дорад, ин аз беҳтар гардидани заминаи моддию техникии таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллудю навзодон, таҳия ва татбиқи протоколҳои клиникӣ шаҳодат медиҳад. «Дар шӯъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ба 116 нафар кӯдакони гирифтори нуқсонҳои гуногуни модарзодии дил амалиётҳои ҷарроҳӣ гузаронида шуд»- илова кард Вазири тандурустӣ.

Июль 11, 2013 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш