Ҳамовозӣ ба «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби мо»

Август 2, 2013 17:05

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар» Зарангез, Латифова).- Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоати ҷумҳурӣ, ки 4 июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар байни аҳолӣ ва кормандони вазорату идораҳо ҳамовозии гарм пайдо кардааст. Ба ин муносибат имрўз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади кормандони дастгоҳи марказӣ барпо гардид. Маърўзачиён роҷеъ ба нуктаҳои муҳими суханронии Президенти мамлакат дахл карда, зикр намуданд, ки он аз нукоти равшангаронаву илҳомбахш, ки руҳи баланди ҳидояткунандаву созанда дорад, саршор мебошад. Ҳозирин зикр намуданд, ки дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби мо» боз ҳам зичтар муттаҳид гашта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бахусус касбомўзии ҷавонон, ҳарчи бештар густариш додани фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодир барои мардуми Тоҷикистон, ҳифзи ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои волои халқи куҳанбунёдамон, арҷгузорию эҳтиром ба забони давлатӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо саҳми муносиб мегиранд.

Август 2, 2013 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш