Ҷоизаи Ғуломҳайдаров барои футболбозони беҳтарин

Август 7, 2013 11:13

Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Барои дарёфти Ҷоизаи мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров ва бо мақсади ташвиқи футболу таҳкими дўстӣ ва муайян намудани футболбозони беҳтарин, аз 13 то 17 августи соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасони солҳои таваллуди 2000-2001 доир мегардад. Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мусобиқа дастаҳои вилояти Суғд, минтақаи Кўлобу Қурғонтеппаи Хатлон, водии Рашт, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ширкат хоҳанд кард. Ғолибон бо бо диплому медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.

Август 7, 2013 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш