153 эроди мусофирон ба «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

Август 6, 2013 14:58

Душанбе, 6 август. (АМИТ Ховар, Фарзона Ашӯрмадова).- Дар шаш моҳи аввали соли равон ба «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 153 эрод аз ҷониби мусофирон ворид гардидааст.Тавре ки дар ҳисоботи шашмоҳаи фурудгоҳи мазкур омадааст, ҳамаи ин эродҳо оид ба наомадан, осеб дидан ва гумм шудани боғоҷҳо мебошанд, ки ба 140 эрод аллакай ҷавоб гардонида шудааст ва 13 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.Бино ба ҳисоботи мазкур ин эродҳо аксарияташон ба муҳоҷирон иртибот доранд, ки ҳангоми бозгашт аз муҳоҷират ба кишвар бо ин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ гардидаанд.

Август 6, 2013 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш