Боздошти фирорӣ

Август 2, 2013 10:54

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ-1, дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор дирӯз як фирорӣ дастгир карда шуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, 29 июл тахминан соати 12:00-дақиқа, айбдоршаванда бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 212 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолов Далер Зафарович, ки дар ҳабси пешакӣ нигоҳ дошта мешуд, ҳангоми гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ аз бинои Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар шаҳраки Сомониён, кӯчаи Сомонӣ фирор кард.Рӯзи 1 августи соли 2013 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Алмосӣ, деҳаи Тутак айбдоршаванда дастгир карда шуд.Дар айни замон Ҷалолов Далер Зафарович дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Август 2, 2013 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш