Брифинг роҷеъ ба раванди омодагӣ ба Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар»).- 5 августи соли 2013 дар қароргоҳи СММ дар Ню₋Йорк бо ибтикори Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ роҷеъ ба раванди омодагӣ ба Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (Душанбе, 20-21 августи 2013) брифинг баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз сад кишвари узв ширкат карданд. Чорабиниро Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ cафир Сироҷиддин Аслов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо маълумоти умумӣ дар бораи сохтори конфронс ва барномаи он, шарту шароити иштирок, ҳайати Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи конфронс ва фаъолияти он, торнамои конфронс ва теъдоди ҳайатҳое, ки ширкаташонро таъйид кардаанд, шинос намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки конфронси Душанбе яке аз муҳимтарин чорабиниҳоест, ки дар татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки моҳи декабри соли 2012 бо иттифоқи оро қабул гардида буд, мебошад. Муовини Дабири кулли СММ, Мушовири вежаи Дабири кулл дар умури Африқо Маҷид Абдулазиз дар бораи аҳамияти конфронси Душанбе барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ва дастгирии васеи ниҳодҳои СММ, аз ҷумла ЮНЕСКО, Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, Дафтари масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ, Дафтари мушовири Дабири кулл дар умури Африқо дар баргузор кардани конфронс сухан гуфт. Мавсуф инчунин нақши конфронсро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Африқо, ки мушкилоту чолишҳои сангинро дар ин самт мувоҷеҳ аст, таъкид кард. Кензо Ҳирокӣ, намояндаи Маркази байналмилалии мудирияти офатҳо ва хатарҳои марбут ба об (International Center for Water Hazards and Risk Management) ва узви Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конфронс, дар бораи барномаҳои мизҳои мудаввари сатҳи баланд ва чорабиниҳои вежае, ки дар чаҳорчуби конфронс баргузор мегарданд, гузориши муфассал дод. Мудири Пажуҳишгоҳи об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи СММ ва узви Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи конфронс доктор Зафар Одил дар бораи раванди таҳия ва қабули санади ниҳоии конфронс ва дигар асноди хотимавӣ, аз ҷумла хулосаҳои мизҳои мудаввари сатҳи баланд ва чорабиниҳои вежа гузориш дод. Мавсуф аз ҳайатҳои кишварҳои узв даъват кард, ки фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳояшонро ба матни асноди хотимавии конфронс пешниҳод намоянд. Намояндагони Барномаи рушди СММ Ян Ҳарфст ва Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Пол Эгертон дар бораи ширкати созмонҳои мазкур дар тадорукоти мизҳои мудаввари мухталиф дар чаҳорчӯби конфронс сухан гуфтанд. Пас аз анҷоми саволу ҷавобҳо, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ сафир С. Аслов аз ҳайатҳои кишварҳои узв даъват ба амал овард, ки дар конфронси Душанбе дар сатҳи шоиста ва фаъолона ширкат варзанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






