Бунёди варзишгоҳ дар Темурмалик

Август 27, 2013 09:14

Темурмалик, 27 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Темурмалик сохтмони толори варзишӣ барои 340 ҷойи нишаст ҷараён дошта, дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар қисмати ошёнаи дуюми бино идома доранд. Сохтмони толор ба уҳдаи ЧДММ «Нодир»-и шаҳри Душанбе вогузор гардида, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ маблағгузорӣ мешавад. Ба гуфти роҳбари ҷамъият Маҳмадӣ Урозов мувофиқи лоиҳа толор аз 2 ошёна ва беш аз 20 утоқи корӣ иборат буда, 14 нафар сохтмончӣ ба корҳои сохтмонӣ сафарбар гардидаанд. То ин муддат барои корҳои сохтмонӣ 700 000 сомонӣ маблағ масраф гардидааст, ки ин 67%-и корҳои сохтмониро дар бар мегирад

Август 27, 2013 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш