Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Заминларза дар Чин Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар музофоти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чин заминларзаи шадид ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи маълумоти Маркази зилзилашиносии кишвар ҷунбиши қишри замин мувофиқи ҷадвали «Рихтер» 5,1 дараҷаро ташкил дод. Маркази асосии зилзила дар масофаи 9-километраи шаҳри Дечен ба қайд гирифта шудааст. Оид ба ин хисороти ҷонию молӣ маълумоти дақиқ дастрас нест. Задухӯрд дар Покистон Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар минтақаи Вазиристони ҷанубии Ҷумҳурии Исломии Покистон миёни гуруҳи ҷангиёни ҳаракати «Толибон» ва неруҳои қудратии мамлакат задухўрди мусаллаҳона сурат гирифт. Дар ин ҳодиса 6 корманди мақомоти полис ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар захмӣ шуд. То кунун сабабҳои сар задани муноқиша мушаххас нест. Кормандони мақомоти полис барои муайян намудани омилони ҳодиса тафтишоти густурда мебаранд. Ҳамлаи Амрико ба АфғонистонДушанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар»).-Ҳавопаймои нерўҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба вилояти Кунари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамла овард. Дар пайи ҳодиса 7 кас ҷон бохта, 3 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Тавре ки хабар дода мешавад, ҳамаи қурбониён ва ҷароҳатдидагон сокинони осоишта мебошанд. Хотиррасон менамоем, ки 7- уми августи соли равон ҳам дар ин вилоят бар асари зарбаи ҳавопаймои бидуни сарнишини нерўҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 11 кўдак ва 2 зан қурбон шуда буданд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






