Фаъолияти назарраси муассисаҳои таълимӣ дар Кӯлоб

Август 6, 2013 09:03

Кӯлоб, 6 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Ба иттилои мудири шуъбаи маънавиёти шаҳри Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳоров имрӯзҳо муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб пурра бо мутахассисон таъмин буда, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 223 нафар роҳбару омӯзгор аз фанҳои мухталиф аз курси такмили ихтисос гузашт. Дар ин давра хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру деҳот низ аз фанҳои дақиқ дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 9 медал ва 13 ҷои ифтихорӣ гардиданд. Мавриди зикр аст, ки имсол барои 21 нафар хатмкунандаи мактабҳои шаҳру деҳот аз рӯи 19 ихтисос квота ҷудо шуд,ки дар натиҷа 21 нафар мувофиқи нақшаи пешниҳодгардида аз суҳбат бо муваффақият гузашта, донишҷӯ гардиданд, ки аз ин шумора 11 нафарро писарон ва 10 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, дар ин давра 85 нафар хатмкунандагони синфи 9- ум ба гирифтани шаҳодатномаи «аъло» ва 10 нафар довталаби синфҳои 11 барои соҳиб шудан ба медали тилло ва нуқра пешниҳод гардида , инчунин чор нафар хонанда дар озмуни байналмилалӣ ширкат варзида, барои идомаи таҳсил ба Амрико роҳхат гирифтанд.

Август 6, 2013 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш