Й.Шинаватра бо Э.Раҳмон мулоқот мекунад

Август 19, 2013 10:08

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Йинглак Шинаватра барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, Йинглак Шинаватра дар ҷараёни сафараш бо Президенти Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, аз рӯи натиҷаи сафари номбурда ҳуҷҷатҳои дуҷониба имзо мешаванд.20 август Йинглак Шинаватра дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оида ба ҳамкорӣ дар бахши об ширкат мекунад.Ҷониби Тоҷикистон ба ташрифи Сарвазири Шоҳигарии Таиланд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, мутмаин аст, ки ин сафар имконияти наве барои рушди ҳамкории дуҷониба хоҳад гардид.

Август 19, 2013 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш