Маҷлиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 26 август (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ин шӯро баргузор гардид.Дар маҷлис, асосан ду мавзӯъ — омодасозии хоҷагии халқи кишвар ба тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ва таҳкими амният вобаста ба хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шуд.Доир ба мавзӯи якуми маҷлиси Шӯрои амният гузориши Сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масоили омодагӣ ба зимистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз масъулин талаб кард, ки доир ба таъминот бо ангишт, гази моеъ, озуқаворӣ, захираи кофии ин мавод дар муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омодасозии шабакаҳои гармидиҳии пойтахт ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ чораҳои саривақтӣ амалӣ намоянд.Супоришҳои мушаххас доир ба кашондан ва захира кардани маводи сӯхту озуқаворӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои баландкӯҳ дода шуд.Доир ба мавзӯи дуюми маҷлис роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот гузориш доданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳкими амнияту субот дар кишвар ва марзҳо бо Афғонистон, мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ зоҳир гардид.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалї Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






