Мадади САҲА ба Тоҷикистон

Август 26, 2013 11:13

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи таҳкими назорати бехатарии озуқа ва омодагӣ ба татбиқи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба меъёрҳои санитарӣ ва табобат бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш дар Тоҷикистон анҷом ёфт. Тавре ки аз Маркази Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хабар доданд, мутахассисон ва мансабдорони баландпояи Вазорати кишоварӣ, Вазорати савдо ва рушди иқтисод, Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин идораҳои дигари кишвар, аз ҷумла намояндагони созмонҳои дахлдори маҳаллию байналмилалӣ масоили муҳими марбут ба таҷдиди низомҳои маҳаллии бехатарии озуқа ва рушди савдои байналмилалию байнисарҳадиро мавриди муҳокима қарор доданд.Хотирнишон месозем, ки Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардида буд.

Август 26, 2013 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш