Масоили фароэкологиро бо роҳҳои дипломатӣ мебояд ҳал кард

Август 30, 2013 16:36

Душанбе, 30 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ Сироҷиддин Аслов мегӯяд, масъалаҳои марбут ба фароэкологиро ду кишвари ҳамсоя — Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд тавассути роҳҳои дипломатӣ, нишастан сари мизи музокирот ҳал намоянд. Намояндаи Тоҷикистон дар СММ ин матлабро зимни қабули Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 22 августи соли 2013» дар иҷлосияи понздаҳуми палатаи болоии Парлумони мамлакат-Маҷлиси миллӣ ироа кард. Мавсуф афзуд, ки санади пешниҳоднамудаи Сенати Ӯзбекистон ба дабири кулли СММ дар мавриди таъсир ва зарари фаъолияти корхонаи алюминии Тоҷикистон «ТАЛКО» ба муҳити зист ва саломатии аҳолии вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон аз воқеият дур буда, дар он мафҳумҳое ба мисли «катастрофическое воздействие» /таъсири фалокатовар/ навишта шудааст, ки ин истилоҳ ба ҳақиқат наздик нест ва таҳқиқи аниқ надорад. Намояндаи Тоҷикистон дар СММ зикр кард, ки чунин мафҳум -«катастрофическое воздействие»-ро дар ҳуҷҷатгузории байналмилалӣ дар мавриди ба вуқуъ омадани садамаҳои бузурги фалокатбор, амсоли сунамии дар Ҷопон ба амал омада ва садамаи Чернобил рух дода, истифода менамоянд. Сироҷиддин Аслов гуфт, ки тибқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ ва СММ, ки мо дастрас намудем, вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон аз лиҳози нишондодҳои сиҳатии омма дар Ӯзбекистон ҷои намоён, яъне аввалро мегирад, вилояти Қашқадарё ва Тошканд аз ҷиҳати нишондоди сиҳатӣ дар ин кишвар дар ҷои панҷум қарор доранд. Дар ин росто Маҳмадшариф Ҳақдодов -раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ доир ба иштирокаш дар семинаре, ки дар санаи 20-21 август дар Тошканд бо ибтикори Сенати ин кишвар «Дар бораи чораҳо оид ба бартарафсозии таъсири фалокатовари фаъолияти КВД «ТАЛКО» ба экология ва саломатии инсон» доир шуд, гузориш дод. Раиси Комиссияи экологии парлумони Тоҷикистон, гуфт, ки дар семинари байналмиллалии дар Тошканд доир гардида, 15 коршиноси хориҷӣ ширкат дошта, 8 нафари онҳо як рӯз қабл аз оғози кори семинар аз минтақаҳои вилояти Сурхандарё, ки гӯё аз таъсири фаъолияти «ТАЛКО» зарар мебинанд, сафарбар гардиданд. Ин 8 нафар коршиносон аз беморхонаи ноҳиявии Узум, бунгоҳи тиббии «Бобур», хоҷагии Дашнобод ва комплекси чорводорӣ, воқеъ дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхандарё боздид намудаанд.Дар ин ҳайати коршиносон, ки аз ноҳияҳои Сурхондарёи Ӯзбекистон дидан карданд, мутаассифона, намояндагони Парлумони Тоҷикистон- Маҳмадшариф Ҳақдодов ва Шодӣ Шабдоловро, ки иштирокчиёни семинар буданд, шомил накарданд. Раиси Комиссияи экологии Парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки семинари мазкур дар 4 бахш сурат гирифта, ҳамаи бахшҳо ба таъсири «ТАЛКО» ба саломатии инсон ва муҳити зист, паст гардидани ҳосилнокӣ, бемориҳое, ки дар минтақаи Сурхандарё ба қайд гирифта шудаанд, рабт доштааст. Намояндагони Парлумони Тоҷикистон гарчанде дар ин семинар маърӯза накарданд, вале зимни посухҳо ба бисёре аз саволҳоииштирокдорони ин нишаст посухҳои ба воқеият наздикро дода, далелҳои мушаххасу дақиқро ба самъи иштирокдорон ироа сохтанд. Маҳмадшариф Хақдодов мегӯяд, ки даъвоҳои ҷониби кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон дар мавриди таъсири фаъолияти «ТАЛКО» ба муҳити зист ва саломатии оммаи навоҳии ҷануби ин кишар аз даврае шуруъ гардид, ки дар соли 2008 дар Ӯзбекистон «Ҳаракати экологии Ӯзбекистон» таъсис ёфт. Дар интихоботи парлумонии Ӯзбекистон, ки дар соли 2009 доир шуд, 15 нафар аъзои ин ҳаракат ба ҳайси вакил дар курсиҳои Парлумони Ӯзбекистон нишастанд. Ин ҳаракат дар вилояти Сурхандарё 750 000 имзои сокинони минтақаро ҷамъоварӣ намуда, ба унвонии СММ дар мавриди таъсири «ТАЛКО» ба муҳит ва саломатии аҳолии ин минтақа муроҷиат ирсол менамояд. Баъдан «Ҳаракати экологии Ӯзбекистон» дар ин масъала ба палатаи поёнии парлумони ин кишвар муроҷиат мекунад ва палатаи поёнии Парлумони Ӯзбекистон қарор қабул мекунад. Дар асоси ин қарор бо муроҷиати раиси палатаи қонунгузории Олий Маҷлисии Ӯзбекистон ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шукурҷон Зуҳуров дар мавриди зарари «ТАЛКО» ба муҳити зист ва саломатии аҳолии вилояти Сурхандарё мактуб ирсол менамояд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрдори Душанбест, гуфт, ки тибқи нишондодҳои оморӣ ноҳияи Турсунзода, ки дар он ҷо «ТАЛКО»воқеъ аст, яке аз ноҳияҳои таъминкунандаи бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти хушсифати кишоварзист, ки ин нишондод аз вазъи хуби экологӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон Давлатшо Гулмаҳмадов-аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳамзамон раиси шаҳри Турсунзода мегӯяд, ки дар тӯли солҳои охир дар ноҳия Турсунзода ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ду маротиба афзуда, дар ин минтақа таваллуди писарон назар ба духтарҳо зиёд будааст.  «ТАЛКО» яке аз корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон буда, алҳол дар он ҳудуди беш аз 10 ҳазор коргар фаъолият менамояд. Ба гуфти директори корхонаи мазкур Садриддин Шарифов — «ТАЛКО» дорои сертификати байналмилалии системаи менеҷменти экологӣ ва системаи менеҷменти тандурустӣ ва бехатарӣ дар истеҳсолот мебошад. Дар тӯли 5 соли охир 100 миллион доллар дар бахши навсозӣ ва мутобиқ сохтани корхона ба меёрҳои байналмилалӣ сарф шудааст.

Август 30, 2013 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд